Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Талаботи нав барои вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Русия: аз кай ва чӣ гуна?

Кишварҳои ИДМ даъват шуданд, ки ба замимаи "Путешествуй без COVID-19" (Сайёҳат бидуни COVID-19) ҳамроҳ шаванд. Ҳоло Арманистон, Белорус, Қирғизистон, Русия ва Қазоқистон дар лоиҳа фаъол ҳастанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Аз 1 сентябр вуруд барои шаҳрвандони тамоми кишварҳои ИДМ аз ҷумла Тоҷикистон ба Федератсияи Русия танҳо тавассути замимаи "Путешествуй без COVID-19" имконпазир мешавад.
"Ҳамаи кишварҳо барои пайваст шудан ба ин замима даъват шуданд", - гуфт муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук дар ҷаласаи Шӯрои иқтисодии ИДМ, гузориш медиҳад @SputnikLive.
Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки аз 1 июл вуруд ба Федератсияи Русия аз кишварҳои ИИАО танҳо тавассути низоми электронӣ амалӣ карда мешавад.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Русия парвозҳо ба Тоҷикистонро афзоиш дод
Ёдовар мешавем, ки моҳи апрели соли равон дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ бо иштироки сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар Қазон, сарвазири Русия Михаил Мишустин изҳор дошт, ки замимаи мобилии "Путешествуй без COVID - 19" имкон медиҳад, ки ҳаракати бехатари мусофирон зудтар равнақ ёбад.

Барои маълумот: "Сайёҳат бидуни COVID- 19" як барномаи мобилӣ мебошад, ки натиҷаҳои манфии санҷиши коронавирусро аз лабораторияҳои тасдиқшуда бор мекунад. Арманистон, Белорус, Қирғизистон ва Русия феълан дар ин лоиҳа кор мекунанд.

Аз аввали моҳи июн, Қазоқистон низ ба ин система пайваст.