ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ мулоқот кард, хабар медиҳад Вазорати корҳои хориҷии кишвар.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ҳошияи Форуми дипломатии Анталия, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо оид ба корҳои хориҷӣ ва сиёсати амниятӣ Жозеп Боррелл мулоқот намуд.
"Дар вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо, татбиқи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - менависад дафтари матбуоти ВКХ.
Мусоҳибон тақвияти муносибатҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро дар чаҳорчӯби Шӯрои ҳамкорӣ, Кумитаи ҳамкорӣ, муколамаҳои сиёсӣ ва амниятӣ ва ҳуқуқи инсон муҳим хонданд.
Ҳамчунин гуфтугӯи судманд перомуни масоили марбут ба амнияту суботи минтақа, вазъ дар Афғонистон, хатари терроризму ифротгароӣ ва масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ ва дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак сурат гирифт.