Роспотребнадзор гуфт, навъи ҳиндии COVID-19 сабаби афзоиши беморӣ дар Русия шуд

Қаблан Анна Попова, роҳбари Роспотребнадзор, сабаби авҷи ин вирус дар Русияро ба "шаккокии кулл" дар робита ба тадбирҳои муҳофизатӣ рабт дода буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Яке аз сабабҳои афзоиши бемории коронавирус дар Русия ворид шудани навъи ҳиндии беморист, мегӯяд Михаил Лебедев коршиноси пешбари Маркази ташхиси молекулавии Маркази тадқиқоти эпидемиологияи Роспотребнадзор .
Ба гуфтаи Михаил Лебедев, навъи ҳиндии коронавирус сирояткунандатар аст.

"Тавре ки шумо медонед, вирусҳо мутатсия мекунанд ва коронавирус низ мутатсия мекунад. Ба мамлакати мо як мутатсияи дигар, ба истилоҳ мутатсияи делта ё навъи ҳиндӣ омадааст. Албатта, он бояд дар оянда омӯхта шавад, аммо мо бешубҳа гуфта метавонем, ки ин сирояти баландтар дорад", - гуфт Лебедев дар эфири шабакаи "Россия 24".

Вай шарҳ дод, ки сабаби дигари афзоиш риоя накардани чораҳои пешгирикунанда - напӯшидани ниқобҳо, иштирок дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ мебошад.
"Ҳамаи ин ба афзоиши таркандаи беморӣ оварда мерасонад. Моро дар пеш чӣ интизор аст? Мехостам фикр кунам, ки ҳамааш хуб хоҳад буд, аммо мо ба осонӣ аз ин раҳо шуда наметавонем", - гуфт Лебедев.
Котиби матбуоти Президенти Федератсияи Русия Дмитрий Песков бошад бар он назар аст, ки сабаби афзоиши бемории COVID-19 дар Русия "шаккокии кулл", сатҳи пасти ваксингирӣ ва "маккорӣ" - и худи вирус мебошад.
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Дар Маскав маҳдудиятҳои коронавирусӣ тамдид карда шуданд
Маврид ба зикр аст, ки шабонарӯзи гузашта дар Русия беш аз 17 ҳазор ҳолати нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Ҳамзамон, беш аз 9 ҳазор ҳолат танҳо дар пойтахт, шаҳри Маскав сабт шуд, ки аз авоили авҷи вируси COVID - 19 бесобиқа аст.
Дар гузашта баландтарин нишондоди ин маризӣ дар Маскав 24 декабри соли гузашта сабт гардид, ки он замон дар як рӯз беш аз 8 ҳазор нафар тоза олудаи ин беморӣ гардиданд.
Дар 24 соати ахир, беш аз 400 дардманди коронавирус дар Русия ҷон аз даст доданд.