ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Вазорати кишоварзии Русия роҳи нави ворид кардани муҳоҷирони меҳнатиро роҳандозӣ мекунад, менависад Коммерсантъ.
Якҷо бо ҶСК "Роҳи оҳани Русия" ба нақша гирифта шудааст, ки барои ворид кардани коргарони мавсимӣ қаторҳои чартерӣ роҳандозӣ шаванд. Чунин тадбир барои таъмини соҳаи кишоварзӣ бо коргарон зарур аст.
Дар маҷмӯъ, соҳаи кишоварзии Русия ба беш аз 38 ҳазор муҳоҷир ниёз дорад.
Вазорати кишоварзии Федератсияи Русия қайд мекунад, ки айни замон муҳоҷирон метавонанд ба кишвар танҳо бо ҳавопаймо ба кор оянд, ки ин арзиши интиқоли онҳоро ба маротиб боло мебарад.
Агар интиқоли як муҳоҷир тавассути ҳавопаймо 80 ҳазор рублро ташкил диҳад, пас омадан бо қатора ин рақамро то 12 ҳазор коҳиш медиҳад.
Ташкили интиқоли коргарон тавассути роҳи оҳан бояд масъалаи дарёфти захираҳои меҳнатии корфармоёнро ба таври назаррас сабук кунад.
Муҳоҷирон аллакай барои анҷоми баъзе корҳои кишоварзӣ дер карданд, аммо ҷамъоварии фаъоли ҳосил аз нимаи моҳи июл оғоз хоҳад шуд ва хоҷагиҳо ба чинакчиён, ҷобаҷогузорон ва дигар коргарон ниёз доранд.
ҶСК "Роҳи оҳани Русия" хабар дод, ки онҳо омодаанд, интиқоли шаҳрвандони хориҷиро барои кор дар Русия фароҳам оранд, аммо барои ин бояд муштарии нақлиёт интихоб карда шавад, ки баъдан бо ӯ созишнома баста мешавад.