ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Вазъияти шаҳри Маскав вобаста ба паҳншавии вируси COVID - 19 шадидтар гардидааст.
Ситоди фаврӣ оиди пешгирӣ аз ин вабо дар пойтахти Русия хабар медиҳад, ки давоми 24 соати ахир, дар Маскав 9 056 ҳолати нави гирифторшавӣ ба қайд гирифта шуд, ки ин адад аз замони авҷи беморӣ бесобиқа аст.
Баландтарин ҳолати мубталошавӣ ба коронавирус дар Маскав, 24 декабри соли гузашта сурат гирифта буд, ки 8203 ҳолат дар як рӯзро ташкил кард.
Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи ахир дар Русия 17 262 ҳолати нави сироятшавӣ ба қайд гирифта шуд.
Ҳолатҳои нави беморшавӣ дар 85 минтақаи Русия сурат гирифт.
Аз замони авҷ гирифтани бемории коронавирус дар Русия, 5 281 309 нафар мубталои он гардиданд.
Зимнан, шабонарӯзи гузашта 453 нафар аз коронавирус ҷон доданд. Ҳоло теъдоди қурбониёни ин дард дар Русия ба 128 445 нафар расид.