Коронавирус боз садди роҳи як мусобиқаи варзишии ҷаҳон шуд

Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквандо бояд аз 12 то 18 октябр баргузор мешуд. Аммо ҳоло ба далели авҷи маризии коронавирус ин мусобиқа ба таъхир гузошта шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Қаҳрамонии ҷаҳон оид ба таэквандо имсол баргузор намешавад, менависад Кумитаи миллии олимпӣ аз қавли Созмони таэквандои ҷаҳонӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин мусобиқа бояд аз 12 то 18 октбяр баргузор мешуд, вале ҳоло онро ба таъхир гузоштанд ва санаи дақиқи доир шудани мусобиқа номаълум аст.
Созмони таэквандои ҷаҳонӣ сабаби ба таъхир гузоштани мусобиқаро ба авҷи маризии коронавирус рабт медиҳад.
"Мо бо ноумедии зиёд маҷбур шудем, ки Қаҳрамонии ҷаҳонии таэквандоро ба таъхир андозем, аммо ин қарор ба хотири таъмини амнияти ҳамаи иштирокчиён, дуруст аст", - гуфтааст президенти Созмони ҷаҳонии таэквандо Чонгвон Чоу.
Ба гуфтаи ӯ, созмон ҳамроҳ бо тамоми варзишгарону мухлисон қаҳрамонии ҷаҳонро дар соли 2022 интизор мешаванд.
Чоу қайд намуд, ки дар муддат ҷаҳон шоҳиди рӯйдодҳои бузурги олимпӣ мешавад.
Ӯ аз ҷумла аз Бозиҳои олимпӣ ва паролимпии Токио - 2020 ишора намуд, ки дар он ҷамъан 202 варзишгари таэквандочӣ иштирок ва миёни ҳам қувва меозмоянд.