ДУШАНБЕ, 18 июн - Sputnik. Раҳбари Куреи Шимолӣ Ким Чен Ин дар як ҷаласаи пленарии Кумитаи Марказии Ҳизби Кории Куриё гуфтааст, ки бояд ҳам барои муколама ва ҳам барои муқовимат бо маъмурияти нави ИМА омода шавад.
"Дабири кулл (Ким Чен Ин) ба зарурати омодагӣ ҳам ба муколама ва ҳам барои муқовимат (бо Иёлоти Муттаҳида) таъкид кард, алалхусус омодагии ҳамаҷониба барои муқовимат ба хотири ҳифзи шаъну шарафи давлати мо", - менависад Агентии марказии телеграфӣ (CTAC) аз қавли президенти Куриё.
Қаблан Вашингтон гуфта буд, ки президент Ҷо Байден нақша дорад, ки сиёсатро нисбати Куреи Шимолӣ дар ҳама самт таҷдиди назар кунад.
Сухангӯи Кохи Сафед Ҷен Псакӣ гуфт, ки сиёсати нав аз сиёсатҳое, ки дар давраи ду президенти қаблӣ буд, фарқ хоҳад кард - "он ба як созишномаи бузург ё ба сабри стратегӣ такя намекунад".
Вашингтон фаҳмонд, ки ин "пешрафти амалии санҷидашуда" хоҳад буд ва машваратҳо бо Куреи Ҷанубӣ ва Ҷопон, инчунин бо дигар иттифоқчиёни минтақа идома хоҳанд ёфт.
Ёдовар мешавем, ки музокирот байни Куреи Шимолӣ ва ИМА пас аз нокомии нишасти Ханой дар моҳи феврали соли 2019 таваққуф кард.
Сипас Вашингтон аз Пхенян талаб кард, ки барои даст кашидан аз силоҳи ҳастаӣ чораҳои қатъӣ андешад ва Куреи Шимолӣ дар навбати худ қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида дар посух ба иқдоми ихтиёрии онҳо дар роҳи ҳастаӣ коре намекунад.
Аз аввали соли 2020 мулоқотҳои намояндагони ин ду давлат дар ягон сатҳ аз сар гирифта нашудаанд ва Куриё борҳо изҳор доштааст, ки гуфтушунидро идома доданӣ нест.