Бонки марказии Русия: интиқоли пули муҳоҷирон ба Тоҷикистон 8 дарсад коҳиш ёфт

Бонки марказии Русия омори пулҳои интиқолдодаи шахсони воқеӣ ба хориҷи кишвар дар семоҳаи аввали соли 2021-ро нашр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Муҳоҷирони тоҷик дар ин давра ба Ватан 327 миллион доллар фиристодаанд, ки дар қиёс ба соли гузашта 8 дарсад камтар будааст.
Бояд қайд кард, ки дар семоҳаи соли 2020 муҳоҷирони кории тоҷик ба Ватан 358 миллион доллар равон карда буданд.
Тибқи омори Бонки марказии Русия муҳоҷирони тоҷик аз лиҳози ҳаҷми интиқоли пул аз Русия байни кишварҳои ИДМ дар мақоми сеюм қарор гирифтанд.
Имсол аз ҳама бештар зодагони Ӯзбекистон аз Русия ба кишварашон пул фиристоданд.
Тибқи омори Бонки марказии Русия дар ҷойи дуввум Қирғизистон қарор гирифтааст.
Интиқоли пул аз Русия ба сатҳи пасттарин нишондиҳандаҳои се соли охир расид
Ёдрас мешавем, ки соли гузашта муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия 1 миллиарду 741 миллион доллар фиристода буданд.
Аксари муҳоҷирони кории тоҷик дар авҷи паҳншавии коронавирус бино бар ҷорӣ шудани карантин бекор ва бемаош монданд ва натавонистанд ба оилаҳояшон пул фиристанд.
Ин омори Бонки марказии Русия дар ҳоле нашр мешавад, ки парвозҳои мстақим ба қадри имкон байни Душанбеву Маскав аз 1-уми апрел оғоз шуд ва шаҳрвандони Тоҷикистон баъди тақрибан як соли баста будани марзҳо имкон пайдо карданд ба Русия барои кор сафар намоянд.