ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Сразу из нескольких поликлиник Душанбе поступили жалобы от врачей Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии ба мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба вазорати нақлиёт аломатҳои нав тақдим карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “Насли ҷавони Тоҷикистон” дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилаллии “Хазинаи бехатарии роҳ” ва “Иттиҳоди шарқии нақлиёти бехавф ва устувор” 235 адад аломатҳо ба вазорати нақлиёт тақдим карда шуд.
Гуфта шудааст, ки аломатҳои мазкур 1.11.1 ва 1.11.2 “Гардиши хатарнок”, дар асоси шартномаи басташуда ба Вазорати нақлиёт пешниҳод шудааст.
Манбаъ қад кардааст, ки 255 адад аломати дастрасгардида дар асоси супориши Вазири нақлиёти Тоҷикистон барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – ағбаи Кулма ба МДНРА – ҳои ш.Ваҳдат, н.Данғара, н.Ванҷ, н.Рушон, н.Шуғнон, минтақаи Ғунд ва н.Мурғоб дастрас карда шуда дар ҷойҳои лозима насб карда мешаванд.