ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Вашингтон аз ҳамоиши президенти Русия Владимир Путин ва сарвари Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷо Байден дар Женева чизе нагирифт, гуфт раҳбари собиқи ИМА Доналд Трамп дар мусоҳиба бо Fox News.
Ҳамзамон, мулоқоти Путин ва Байден барои Маскав хуб гузашт, гуфт сиёсатмадор.
"Мо чизе наёфтем, саҳнаро ба Русия додем", - гуфт Трамп.
Трамп қайд кард, ки Иёлоти Муттаҳида натавонист амалисозии лоиҳаи энержии Русия "Маҷрои шимол - 2" - ро боздорад, ки ин муҳим буд.
Ба ақидаи ӯ, маҳз Федератсияи Русия ғолиби саммити Путин-Байден гардид.
"Ман фикр мекунам, ки ин рӯзи хуб барои Русия буд", - гуфт ӯ.
Трамп инчунин мутмаин аст, ки муносибатҳои Федератсияи Русия ва Иёлоти Муттаҳида метавонанд "бебаҳо" бошанд.
Онҳо ба иқтисод ниёз доранд ва мо ба чизҳое, ки онҳо доранд, ниёз дорем. Онҳо заминҳои аз ҷиҳати маъданӣ хеле арзишманд доранд", - шарҳ дод ӯ.
Роҳбари пешини ИМА илова кард, ки бо Путин муносибати хуб дошт.
"Бо вуҷуди ин, ҳеҷ кас монанди ман нисбат ба Русия сахттар набуд", - гуфт Трамп.
Ёдовар мешавем, ки 16 июн нахустин мулоқоти шахсии президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден дар Женева баргузор шуд.
Музокироти раҳбарон дар қасри Ла Гранҷии таърихӣ тақрибан чаҳор соат идома кард.
Пас аз музокирот, Путин гуфт, ки бо Байден мувофиқа кардааст, ки дар сатҳи байниидоравӣ машваратҳоро оид ба амният оғоз кунанд.
Ба гуфтаи сарвари Русия, ҳарду кишвар дарк мекунанд, ки барои суботи стратегӣ дар ҷаҳон масъулияти махсус доранд.
Ғайр аз он, президентҳо изҳороти муштарак қабул карданд. Он дар бораи ӯҳдадориҳои Маскав ва Вашингтон ба принсипе сухан меронад, ки дар ҷанги ҳастаӣ ғолиб вуҷуд дошта наметавонанд ва набояд ҳеҷ гоҳ ба он рӯ овард.
Худи ҳамин принсипро роҳбарони СССР ва ИМА Михаил Горбачёв ва Роналд Рейган дар мулоқоти Женева дар соли 1985 муқаррар карда буданд.