Аз қарздиҳӣ то иҷрои ӯҳдадориҳо дар назди пасандозгузорон: мулоқоти ХБА ва Амонатбонк

Сироджиддин Икроми, глава ГСБ Амонатбанк
Ахиран дар шаҳри Душанбе мулоқоти маҷозии дуҷонибаи Раиси Раёсати Амонатбонк бо ҳайати расмии Хазинаи байналмилалии асъор сурат гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти “Амонатбонк” ахиран тариқи видеоконфронс вохӯрии дуҷонибаи Раиси Раёсати БДА ҶТ “Амонатбонк” Икромӣ Сироҷиддин бо роҳбари миссияи Хазинаи байналмилалии асъор дар Тоҷикистон Селим Электаг баргузор гардид.
Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масоили васеи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла бизнес модели Бонк, сарчашмаҳои даромад, хароҷотҳо барои маблаѓгузорӣ ва иҷро намудани ўҳдадориҳо дар назди пасандозгузорон, масъалаҳои сармоягузорӣ ва қарздиҳиро баррасӣ карданд.
Министр экономического развития и торговли Завки Амин Завкизода провел видеоконференцию с Главой миссии Международного Валютного Фонда (МВФ) в Республике Таджикистан госпожой Падамжа Ханделвал
ХБА фикрашро дигар кард: Тоҷикистон таназзул на, рушд хоҳад кард
Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки дар рафти мулоқот Икромӣ Сироҷиддин қайд кардаааст, ки ҳолати молиявии Амонатбонк дар сатҳи хуб ва устувор қарор дошта Амонатбонк ҷиҳати рушди бизнеси бонкӣ ва роҳандозӣ намудани сиёсати иҷтимоии давлат ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст.
Зикр шудааст, дар оянда ҷонибҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо омодагии худро изҳор намуданд.