ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. UzAirways аз 18 июн парвозҳои байни Тошканд ва Деҳлиро қатъ мекунад, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ширкат.
Ин қарорро Комиссияи махсуси ҷумҳуриявии мубориза бо COVID-19 бинобар вазъи мураккаби эпидемиологӣ дар Ҳиндустон қабул кардааст.
"Аз 18 июни соли 2021 ҶСК" Узбекистон ҳаво йуллари" парвозҳои рӯзи ҷумъа дар масири Тошканд-Деҳлӣ-Тошкандро лағв кард", - омадааст дар нашрия дар шабакаи Telegram.
Мусофирон маблағи чиптаҳои худро бозпас мегиранд.
Аз моҳи марти соли 2020 то кунун шумораи умумии сироятёфтаи COVID-19 дар Ҳиндустон аз 29,5 миллион гузашт.
Зиёда аз 28,1 миллион нафар табобат ёфта ва беш аз 374 ҳазор нафар фавтиданд.