Нигаронии Путин аз вазъи Осиёи Марказӣ ба хотири хуруҷи нерӯҳои Амрико аз Афғонистон

Раисҷумҳури Русия нигарон кардааст, ки оё пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон метавонад амнияти минтақаро таъмин намояд?
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн - Sputnik. Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар як мулоқоти видеоӣ бо хатмкунандагони барномаи рушди захираи кадрии Мактаби олии идоракунии давлатии РАНХиГС вазъ дар Осиёи Марказиро як масъалаи муҳим хонд.
Путин қайд кард, ки вазъи минтақа пас аз хуруҷи нерӯҳои амрикоӣ аз Афғонистон боиси нигаронӣ шудааст.
"Нерӯҳои амрикоӣ Афғонистонро тарк мекунанд. Ин ба мо хеле наздик аст. Мо дар Тоҷикистон пойгоҳи низомӣ дорем. Мо дар ин самт чӣ гуна муносибат хоҳем кард? Чӣ гуна амнияти минтақаро таъмин хоҳем кард? Ин як масъалаи хеле муҳим мебошад" - гуфт раисҷумҳури Русия.
Владимир Путин илова кард, ки дар ин самт ҳамкориро бо Амрико бояд бодиққат роҳандозӣ кард.
Путин пас аз нишаст дар Женева аз Байден пуштибонӣ кард
Роҳбари Русия зикр кард, масъалаи ҳамкорӣ бо Амрико на танҳо дар сарҳадҳои ҷанубӣ, балки дар шимол - дар Арктика, ки роҳи баҳри Шимолӣ барои киштиронӣ дар тӯли сол боз мешавад, низ матраҳ аст.