ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд духтараки 11-солаи ғарқшударо аз “Баҳри тоҷик” берун оварданд.
Бино ба гузориши котиботи ин ниҳод, ҳодиса як рӯз пеш, 16 июн дар қаламрави шаҳри Гулистони вилояти Суғд дар пайи беназоратии волидон рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, сокини 9-солаи деҳаи Чорбоғи ноҳияи Варзоб дар рӯди Сир дар маконе шиноварӣ намуд, ки оббозӣ дар он ҷо комилан манъ аст.
Наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулодаи вилояти Суғд, ки дар наздикии ҳамон мавзеъ навбатдорӣ мекарданд, сари вақту басо оҷил худро ба ҷойи ҳодиса расонда, кӯдаки аз марг наҷот доданд.
Кумитаи аз сокинон хоҳиш кардааст, ки ҳаргиз дар ҷойҳои барои оббозӣ мамнӯъ шиноварӣ накунанд.
Падарону модарон ҷиддан ба фарзандони хурдсолашон диққат диҳанд ва онҳоро ҳатто як лаҳза беназорат нагузоранд, афзудааст манбаъ.
Ёдовар мешавем, ин нахустин ҳолати наҷоти кӯдакон набуда, қаблан Кумита аз чанд ҳодисаи ҳамсон хабар дода, ишора карда буд, ки аз беназоратии волидон сар задааст.