Муҳофиз Роналдуро нашинохт ва ҳуҷҷат талаб кард - видео

Корманди майдони футболбозӣ дар Будапешт бозигари маъруфи португалиро танҳо пас аз тафтиши ҳуҷҷатҳояш ба ҳуҷраи либосивазкунӣ иҷозат дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 июн — Sputnik. Ситораи футбол Криштиану Роналду дар майдони футбол дар Будапешт ба вазъияти аҷибе дучор омад - ӯро муҳофиз нашинохт.
Навори ин лаҳза дар шабакаҳои иҷтимоӣ зуд паҳн шуд, онро шабакаи телевизионии ESPN низ нашр кардааст.
Хабар дода мешавад, ки ин ҳодиса бо Роналду қабл аз бозии байни тимҳои миллии Маҷористон ва Португалия дар Ҷоми Аврупо - 2020 рух додааст.
Гиряву хандаи футболбозон: 16 акси ҷолиб аз Ҷоми Аврупо - 2020
Ҳамлагари Португалия ба сӯи утоқи либоскашӣ равон буд, ки яке аз посбонон ӯро ҷеғ зада, хост, ки иҷозатномаашро бубинад.
Аз навор дида мешавад, ки чӣ гуна муҳофиз маълумот дар бораи аккредитатсияи футболбозро тафтиш карда, боварӣ ҳосил мекунад ва ба ӯ иҷоза медиҳад.
Голи Роналду дарвозабонро аз пой афтонд - навор
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин ҳодисаро ба ниқоби футболбоз рабт додаанд, ки ними рӯяшро пӯшонидааст.