ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Ширкатҳои сохтмонӣ дар Русия омодаанд муҳоҷирони меҳнатиро алайҳи коронавирус эм кунанд, гуфт Марат Хуснуллин муовини сарвазир дар мусоҳиба бо "Россия - 24".
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло ҳукумати Русия мақомоти марбутаро вазифадор намудааст, то ҳамаи коргаронро бо ваксин таъмин кунанд.
Ӯ илова намуд, ки Русия омода аст ҳамаи муҳоҷироне, ки аз хориҷ ворид мешаванд, алайҳи ин беморӣ эм кунад. Ба таъкиди ӯ, ҳоло ширкатҳои сохтмонӣ ҳам ба маблағгузорӣ ва ташкили эмгузаронии коргарон изҳори ҳавасмандӣ намудаанд.
"Худи коргароне, ки аз Белорус, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон вориди Русия мешаванд, бисёр мехоҳанд дар ин ҷо кор кунанд ва маош гиранд. Ҳоло шарти мо ҳамин мешавад, ки агар кор хоҳӣ пас ваксин гир. Умедворем, ки муҳоҷирон шарти моро қабул мекунанд", - афзудааст Хуснуллин.
Бояд гуфт, ки дар давраи пандемия Русия ба норасоии шадиди муҳоҷирони меҳнатӣ рӯбарӯ гардид, алахусус ин мушкилот ба бахши сохтмон зарба зад. Дар робита ба зарурати ҷалби муҳоҷирон, музди меҳнат дар соҳаи сохтмон хеле афзудааст.
Ҳарчанд вуруди муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ идома дорад, лекин то ҳол мушкили ин соҳа ҳали худро пайдо накардааст.