Рӯзноманигорони Русия ва Амрико дар назди Путину Байден занозанӣ карданд

Ба ҷанҷоли рӯзноманигорон раисҷумҳури Русия Владмир Путин ва президенти Амрико Ҷо Байден аҳамият доданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Рӯзноманигорони Русия ва ИМА қабл аз мулоқоти президентҳо Владимир Путин ва Ҷо Байден ҷанҷол карданд.
Ба гуфтаи шоҳидон, пеш аз оғози ҳамоиш, хабарнигорони амрикоӣ роҳи ҳамкасбони русашонро бастанд.
Қайд карда мешавад, ки рӯзноманигорони амрикоӣ мехостанд аввалин шуда ба толоре, ки бояд Путин ва Байден мулоқот мекарданд, ворид шаванд.
Аз ин сабаб, онҳо дари даромадгоҳро иҳота карданд. Дар натиҷа, байни рӯзноманигорон ҷанҷол сар зад, ки ба зудӣ ба занозанӣ мубаддал гашт.
Аввалин дастфишории Путин ва Байден пас аз 10 сол - навор
Путин ва Байден низ ба ин ҳодиса аҳамият доданд.
Азбаски рӯзноманигоронро зуд ором кардан ғайриимкон буд, роҳбарони Русия ва Иёлоти Муттаҳида ба толори дигар равон карда шуданд.
Эҳтимол аст, ки бо бастани роҳ, рӯзноманигорони амрикоӣ тасмим гирифтанд, ки аз хабарнигори рус интиқом бигиранд.
Зеро пас аз вуруди Путин ва Байден ба Вилла Ла Гранж посбонон ба журналистон аз Русия иҷозаи навор гирифтанро доданд. Аммо ба амрикоиҳо ба он ҷо роҳ дода нашуд.
Ҳоло журналистонро як гурӯҳи амниятиҳо иҳота кардаанд ва ба онҳо роҳ намедиҳанд.
Музокироти Путин ва Байден идома дорад.