Робитаҳо беҳтар мешаванд: баррасии ҳамкориҳои дуҷониба миёни Тоҷикистону Туркманистон

Дар Ишқобод муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафири Тоҷикистон дар Туркманистон Фаррух Шарифзода дидору гуфтугӯ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Тавре Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои рушди робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитариро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи хоса ба татбиқи созишномаҳои баимзорасида зоҳир гардид.
Ҳавасмандии ҷонибҳо ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои мухталифи мавриди эҳтимоми муштарак изҳор шуд.
Суҳбати президентҳои Тоҷикистону Туркманистон: аз фавти падар то созиш барои ҷаласа
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш суҳбати телефонии вазири тоҷику туркман баъд аз муддатҳои тӯлонӣ анҷом ёфт.
Дар ин суҳбат таъкид шуда буд, ки суҳбати мазкур бо ибтикори ҷониби Туркманистон сурат гирифта буд.
Ҷонибҳо атрофи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор намуда, ҳамкориҳои ду кишварро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бидуни шарҳ: марзи Туркманистон барои мошинҳои Тоҷикистон ҳанӯз баста аст
Суҳбатҳои телефонии вазирони умури хориҷии ду кишвар дар ҳоле сурат гирифт, ки наздик ба ду сол мешавад, Туркманистон масири боркашонӣ ба василаи қаламрави худро барои Тоҷикистон бастааст ва ҷониби Тоҷикистон то кунун мегӯяд, ки далели инро намедонад.
Ҳоло тоҷирони Тоҷикистон барои кашондани молу маҳсулот масирҳои дигари ғайри Туркманистонро, ки дуртар ҳастанд истифода мекунанд.