ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд ва Абдикарим Алимбоев, раиси вилояти Бодканд зимни мулоқоти расмӣ масъалаҳои марзиро баррасӣ карданд.
Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд ба Sputnik Тоҷикистон ҷузъиёти мулоқоти роҳбарони Суғд ва Бодкандро шарҳ дод.
Манбаъ гуфт, дар мулоқоти Аҳмадзода ва Алимбоев, масъулони мақомоти корҳои дохилӣ ва сарҳадбонии Суғд ва Бодканд дар минтақаи чорроҳаи ҷамоати Чоркӯҳи Исфара, дар наздикии маҳаллаи Қирғизистон, иштирок кардаанд.
Бино ба иттилоъи сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати Суғд, дар мулоқоти имрӯза умдатан масъалаи тақсими об, сохтмон ва истифодаи чарогоҳ матраҳ шудааст.
Дар мулоқот раисони Суғд ва Бодканд ба ин мувофиқа расидаанд, ки минбаъд бидуни ризоияти ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон, бунёди ҳама гуна иншоот аз сӯи сокинон дар минтақаҳои баҳсии марзӣ ҷилавгирӣ карда шавад.
“Инчунин масъалаи бемамониат ҷорӣ шудани об тавассути канали Хуҷабоқирғон ба навоҳии вилояти Суғд баррасӣ гардид. Гуфта шуд, ки минбаъд корҳои таблиғотӣ, ки дӯстии халқҳоро тараннум мекунанд ва дар коҳиш додани шиддати муноқиша мусоидат менамоянд пайваста аз сӯи масъулони ду ҷониб гузаронида мешавад”, - хабар дод Юнусов.
Раисони вилоятҳои Суғд ва Бодканд аз имрӯз тасмим гирифтаанд, ки минбаъд ҳар моҳ ду маротиба бо ҳам мулоқот меороянд ва масъалаҳои ба миёномадаи сокинони марзиро баррасӣ мекунанд.
Танишу созиш дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон 28 апрел дар пайи як баҳс сари дарғоти Хоҷаи Аъло маъруф ба “Головной” шиддат гирифта, 29 апрел ба даргирии мусаллаҳона миёни низомиёни ду кишвар печид.
Теъдоди қурбониён бар асари ин ҳодиса аз ҳар ду тараф беш аз 55 нафарро ташкил медиҳад.
Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидаанд.
Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.Бишкек ва Душанбе ҳамдигарро дар шиддати вазъ муттаҳам карда буданд.
Феълан вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ором аст.