Мулоқоти Путин ва Байден - пахши мустақим аз Женева

Дар Женева музокирот байни президенти Русия Владимир Путин ва президенти ИМА Ҷо Байден оғоз ёфт
Sputnik
Идеяи баргузории мулоқоти шахсиро Ҷо Байден ҳангоми суҳбати телефонӣ бо Владимир Путин ба миён гузоштааст.
Ҳарду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки дар Швейтсария як нишасти Русияву Амрикоро созмон диҳанд.
Макони музокирот дар Женева бӯстонсарои таърихии Вилла Ла Гранж гардид.
Тибқи муқаррарот, барои музокироти Путин ва Байден дар Женева беш аз панҷ соат ҷудо карда шудааст.
Пас аз он, раҳбарони Иёлоти Муттаҳида ва Русия конфронси матбуотӣ хоҳанд кард.
Дар ин ҳамоиш, Путин ва Байден ният доранд, ки рушди муносибатҳои Русияву Амрико, муноқишаҳои минтақавӣ, амнияти стратегӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муборизаи муштарак бо коронавирус ва мушкилоти иқтисодиро баррасӣ кунанд.
Истисно нест, ки пас аз музокирот президентҳо як бастаи санадҳоро тасвиб намоянд.