ДУШАНБЕ, 16 июн – Sputnik. Як ҷавони 19-сола – сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд қариб дар обанбори стансияи насосии “Сомгор” ғарқ шавад, гузориш медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ин ҳодиса рӯзи гузашта соати 14:30 дақиқа дар маҳалле рух дод, ки оббозӣ дар он қатъиян манъ аст.
"Наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд, ки навбатдорӣ мекарданд, шахсеро диданд, ки нафаре дар об ғарқ мешуд ва дар талошаш барои берун омадан ноком мешуд", - омадааст дар гузориши манбаъ.
КҲФ меафзояд, онҳо хеле зуд ба маҳалли ҳодиса расиданд ва ҷавони дар ҳоли ғарқ шуданро берун кашиданд.
Ба ҷабрдида ёриҳои аввалини тиббӣ расонданд.
Наҷотдиҳандагони Раёсати КҲФ дар Суғд ба навбатдории шабонарӯзии худ дар соҳили обҳои қаламрави вилоят идома медиҳанд.
Аммо дирӯз, боз ҳам баъд аз зӯҳр, як ҷавони 22-сола дар кӯли сунъии ба истилоҳ “Мехкарйер” воқеъ дар маҳалли Чимтеппаи ноҳияи Фирдавсии пойтахти кишвар ғарқ шудааст.
Кумита менависад, хабар аз тариқи шумораи ягонаи “112” ба Қисми навбатдорӣ расид ва гуфта мешуд, ки шахси ношиносе дар кӯли сунъӣ ғарқ шудааст.
Наҷотдиҳандагон ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷасади ин ҷавонро аз об берун оварданд ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳои гарме, ки ҳама худро ба соҳили обҳо мезанад, кӯшиш кунанд танҳо дар ҷойҳое оббозӣ ва шиноварӣ намоянд, ки иҷозат дода шудаанд.
Оббозӣ дар ҷойҳои мамнӯъ хатари зиёд дорад.