ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ барои ҳузур дар нишасти Русия ва ИМА вориди Женева шуд.
Ҳамин ки ӯ аз мошин фаромад, рӯзноманигорон хостанд ӯро гирд намуда суолҳои зиёд пешниҳодаш намоянд.
Аммо дар байни доду фарёди ВАО-и Амрико, дипломат оромона ба бинои Вилла Ла Гранж, ки дар шафати кӯли Женева ҷойгир аст, ворид шуд. Лавров ҳатто гардиш накард.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 16 июн дар Женева мулоқоти роҳбарони Русия ва Амрико Владимир Путин ва Ҷо Байден баргузор мешавад.
Владимир Путин ва Ҷо Байден ният доранд, ки як қатор масъалаҳои муҳими марбут ба сиёсати хориҷӣ ва масъалаҳоеро, ки ҳарду кишвар ба онҳо таваҷҷӯҳ доранд, баррасӣ кунанд.