Эмомалӣ Раҳмон дар Данғара бемористон ифтитоҳ кард

Эмомалӣ Раҳмон дар рафти ифтитоҳи ин дармонгоҳ ба табибон маслиҳат дод, ки аснои табобати маризон хушмуомила бошанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳоло ҳам бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад, рӯзи 16 июн дар ноҳияи Данғара як бемористон ифтитоҳ кард.
Бар хабари котиботи раисиҷумҳур, Бемористони касалиҳои сироятӣ чун иншооти ҷашнӣ буда, он аз 5 ошёна иборат аст.
Эмомалӣ Раҳмон дар Кӯлоб барои суботи Тоҷикистон дуову фотеҳа кард
Манбаъ меафзояд, ин муассисаи табобатӣ барои 200 бемор пешбинӣ шуда, дар мавриди табобати маризон бо тамоми шарту шароит бунёд гардидааст.
"Ошёнаи якуми беморхона 18 ҳуҷраи корӣ дошта, дар он шуъбаи қабул, ҳуҷраҳои функсионалӣ, шуъбаҳои эҳёгарӣ, ҷарроҳӣ ва паразитологӣ, ҷойгир мебошанд. Дар ошёнаи дуюм 19 ҳуҷраи корию ташхисӣ, шуъбаҳои табобатӣ, кӯдакона, ки бо дастгоҳу таҷҳизоти пешрафтаи тиббӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд, бунёд шудааст", - таъкид мешавад дар хабари котиботи Президент.
Дар Данғара "Коллеҷи тиббӣ-иҷтимоӣ" ифтитоҳ шуд
Гуфта мешавад, Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳ ин беморхона аз табибон даъват намуд, ки ҳангоми табобати беморон бо онҳо хушмуомила бошанд.