ДУШАНБЕ, 16 июн — Sputnik. Дидор ва мулоқоти сарони давлатҳои Амрико ва Русия таваҷҷӯҳи зиёди ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб кард.
Ҷаҳонро на танҳо тавофуқоти ҳосилшуда пас аз ин мулоқот ҷалб мекунад, балки нахустин дидори рӯбарӯ ва чӣ гуна сурат гирифтани рафтори раисиҷумҳурон ҷалб намудааст.
Аз ҷумла, диққати махсус ба лаҳзаи дастфишории Путин ва Байден равона шудааст.
Президентҳо тақрибан панҷ сония дастфишорӣ карданд. Худи дастфишорӣ оромона гузашт. Путин ва Байден оромона дастҳои худро дароз карданд ва бо боварӣ ба чашмони якдигар нигаристанд.