Барои ятимону бепарасторон дар Вахш мактаб бунёд мешавад: Раҳмон санги асос гузошт

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки феълан дар ноҳияи Вахш бо сафари корӣ қарор дорад, барои сохтмони мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор санги асос гузошт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Дар ноҳияи Вахш барои кӯдакони ятиму бепарастор мактаб - интернати замонавӣ бунёд мешавад ва санги асосӣ аз ҷониби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд, хабар медиҳад котиботи Президент.
Ба иттилои манбаъ, мактаб - интернат ба таври замонавӣ бунёд шуда, аз хобгоҳбарои 480 нафар, маркази саломатӣ бо 6 ҳуҷра, ошхона барои 480 кас ва меҳмонхона барои пайвандону наздикони хонандагон иборат хоҳад буд.
Гуфта мешавад, иншооти мазкур аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии "Эҳёи Сомониён" бунёд мегардад.
Либос, пул ва китоб – туҳфаи Раҳмон ба ятимон дар Бохтар
Анҷоми сохтмони мактаб - интернал соли 2023 дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари давлат бо сафари корӣ дар вилояти Хатлон қарор дорад ва аллакай аз чандин шаҳру ноҳияҳо боздид намуд.
Манбаъ меафзояд, ҳадафи асосии сафари раисиҷумҳур ба ин вилоят, аз наздик шинос шудан бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардида мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон бо сокиноне, ки бар асари селфароӣ бехонаву дар монданд, суҳбату мулоқот анҷом дод.