ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонии манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида, ба истифода додани иншооти гуногун, шиносоӣ бо рафти амалишавии дастуру супоришҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва мулоқот бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Хатлон ташриф овард.
Қайд шудааст, ки дар деҳаи Навободи деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Президенти Тоҷикистон кишвар бо ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматӣ ва шароити зисти сокинони аз офати табиӣ зарардида шинос шуда, бо онҳо суҳбат намуд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки дар мавзеъи нав, ки барои бунёди хонаҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида ҷудо гардидааст, айни замон корҳои сохтмонӣ бомаром идома дорад. Дар ин ҷо барои 20 оила хонаи истиқоматӣ, бо дарназардошти тамоми шароит бунёд ёфта истодааст ва то ба имрӯз аллакай қисми бештари он омода мебошанд.
Зимни боздид ва суҳбатҳо бо мардуми ин маҳала Эмомалӣ Раҳмон, иброз дошт, ки Ҳукумати Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро барои фароҳам сохтани шароити мусоиди зиндагонӣ, пурра барқарор намудани хисороти расонидашуда ва бунёди хонаҳои замонавӣ бо тамоми ҷиҳоз амалӣ хоҳад кард.
Ҳамзамон ба раисҷумҳури Тоҷикитон зимни сафараш иттилоъ доданд, ки 15 оилаи дигар аз гирду атрофи мавзеъи зарардида, ки мувофиқи омӯзиши гузаронидашуда зери хавф қарор доштанд, кӯчонида шуда, барои онҳо низ қитъаи замин ҷудо гардид ва ба пуррагӣ ин оилаҳо бо масолеҳи сохтмонӣ барои бунёди манзилҳои нави истиқоматӣ таъмин карда шуданд.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон калиди нахустин хонаҳои омодашударо ба соҳибонашон супорида, аз дохили ҳуҷраҳо дидан кард.
Гуфта шудааст, ки тамоми шароити зарурӣ барои зисту зиндагонӣ дар манзилҳои нави истиқоматӣ фароҳам оварда шудааст.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур зикр кардааст, ки дар маҷмуъ сохтмон ва таъмиру муҷаҳҳазсозии 4 хонаи истиқоматӣ ба пуррагӣ анҷом ёфта, дар боқимондаи он қисми бештари корҳо ба охир расонида шуданд ва дар кутоҳтарин фурсат бо анҷоми корҳои боқимонда калиди хонаҳои дигар ба дасти соҳибонашон супорида мешавад.
Эмомали Раҳмон ба масъулин ва сохторҳои дахлдор дастурҳои қатъӣ дод, то ҳарчи зудтар сохтмони манзилҳои боқимондаи истиқоматиро анҷом дода, барои аҳолии зарардида тамоми шароиту имкониятро барои зиндагӣ фароҳам оранд.
“То анҷоми кор дар хаймаҳои муваққатӣ онҳоро бо тамоми имконоти зарурӣ аз қабили рахти хобу сару либос ва хурду хӯрок ба пуррагӣ таъмин созанд ва аз ҳолу аҳволи онҳо пайваста бохабар бошанд”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ёдрас мешавем, ки дар натиҷаи боришоти зиёди борон, болоравии сатҳи обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ ва аз меъёр зиёд шудани сатҳи оби сойи селпарто дар рӯзҳои 6 ва 7-уми майи соли ҷорӣ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ офати табиӣ ба амал омад, ки дар натиҷаи он 20 манзили истиқоматии сокинони деҳоти Ифтихор ба пуррагӣ хароб гардид. Хушбахтона дар ин офат ягон талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашуд.