Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо

Роҳи халосӣ ёфтан аз коронавирус маълум шуд

Роспотребнадзор роҳи ягонаи халосӣ ёфтан аз маризии коронаиврусро эълон кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Ягона роҳе, ки аз паҳншавии маризии коронавирус ҷилавгирӣ мекунад, ин эмкунии оммавӣ аст, мегӯяд Роспотребнадзор.
Ин ниҳод мегӯяд, коронавирус сирояти басо маккор ва мураккаб аст, ки метавонад ба натиҷаҳои даҳшаттарин анҷом ёбад.
"Эпидемиологҳо ва пизишкони бемориҳои сироятӣ якдилона роҳи ягонаи мубориза бо эпидемияи коронавирусро гирифтани эм арзёбӣ мекунанд", - таъкид мешавад дар хабари Роспотребнадзор.
Дар робита ба пешгирӣ намудан аз паҳншавии вирус, Роспотребнадзор даъват намудааст, ки дар тобистон дар давраи омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистон бояд ваксин гирифт.
Арабистон дари мағозаҳоро ба рӯи нафарони аз коронавирус эмногирифта маҳкам мекунад
"Агар эмгузаронӣ сурат нагирад, ногузир хуруҷи ин гуна бемориҳо рух хоҳанд дод. Роҳи ин маризиро танҳо ваксингирии оммавӣ, яъне вақте доираи зиёди одамон ваксин мегиранд ва интиқоли вирус аз як инсон ба инсони дигар ғайриимкон мешавад, гирифта метавонад", - шарҳ доданд намояндагони ин ниҳод.

Пандемияи коронавирус

Охири соли 2019 дар шаҳри Вуҳани Чин хуруҷи коронавирус рух дод. Олимон муайян карданд, ки шиддати қаблан номаълуми 2019-nCoV барангезандаи сироят гардид.
Тибқи фарзияи расмӣ, панголинҳо манбаи беморӣ буда, сирояти вирус ба одамон тавассути кӯршапаракҳо ва морҳо ба амал омадааст. Дар ибтидо нишонаҳои асосии коронавирус табларза, тангии қафаси сина, нафастангӣ ва сулфа буданд. Аммо, дар ҷараёни мутатсия вирус хусусияти охиринро гум кардааст.
Бо сабаби паҳншавии босуръати беморӣ, моҳи марти соли 2020 СҶБ пандемия эълон кард, ки қариб 1,5 сол боз идома дорад.