ДУШАНБЕ, 15 июн — Sputnik. Кристалина Гиоргиева, раиси Сандуқи Байналмилалии Пул (СПБ) дар чорчӯби иҷлоси гурӯҳи ҳафт дар гуфтугӯ бо хабарнигорон таъкид кард, кумак ба кишварҳои дар ҳоли тавсеъа дар муборизаи алайҳи вируси корона, на фақат як зарурати ахлоқӣ, балки гоме зарурӣ ба манзури беҳбуди иқтисодист, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Гиоргиева бо таъкид ба лузуми ҳосил кардани итминони ҷаҳонӣаз пардохти ҳазинаи ваксинатсия тавассути кишварҳои сарватманд афзуд, ки фавритарин иқдоме, ки бояд анҷом шавад, густариши зарфияти тавлиди ваксина ва созмондиҳии эҳдои ваксинаҳои зиёдатӣ ба кишварҳои камбизоат аст.
Раиси Сандуқи Байналмилалии Пул ҳамчунин ҳушдор дод, ки чунончӣ манотиқи васеъе аз кураи замин дар баробари вируси корона эмин нашавад, эҳтимоли густариши анвоъи ҷадиде аз вируси корона вуҷуд дорад ва ҳатто пешрафтатарин барномаҳои ваксинатсияро ба хатар меандозад.
Дар ҳошияи ин нишаст ва гуфтугӯи матбуотӣ, Дейвид Молпос раиси банки ҷаҳонӣ низ изҳор дошт, ки аз онҷо ки талошҳо барои ваксиназанӣ то соли 2022 ва эҳтимолан бештар аз он идома хоҳад дошт, бинобарин лузуми тақвияти зарфияти тавлид вуҷуд дорад.
Бар асоси бахше аз баёнияи поёнии иҷлоси гурӯҳи ҳафт дар Британия, ки дар расонаҳо мунташир шудааст, аъзо мувофиқат кардаанд, ки дар як соли оянда болиғ бар як миллиард дозаи ваксинаи корона ба кишварҳои фақир кумак кунанд, аммо тааҳҳудоти бештарро ба гурӯҳи 20 муҳаввал карда ва гуфтаанд, ки тайи моҳҳои оянда саҳми ваксинаҳои эҳдоиро бештар мекунанд.
Ин дарҳолест, ки Антонио Гутереш дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳадафгузории гурӯҳи ҳафт барои эҳдои як миллиард доза ваксинаи корона ба кишварҳои фақирро кофӣ намедонад ва таъкид дорад, ки иқдомоти бештаре барои убур аз ин буҳрон лозим аст.