Ӯзбекистон ба Афғонистон барои пешгирӣ аз коронавирус кумаки башардӯстона ирсол кард

Ӯзбекистон барои ҷилавгирӣ аз густариши корона дар Афғонистон ба ин кишвар кумакҳои башардӯстона ирсол кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Ӯзбекистон ба Афғонистон ҳазор капсулаи оксиген ҳамчун кумаки башардӯстона равон кардааст, иттилоъ додааст АКИ Пресс.
Гуфта шудааст, ки ин маҳмӯлаи кумакҳои башардӯстонаӣ бино ба дархости давлати Афғонистон ирсол шуд.
Зикр шудааст, ки ин кумакҳоро намояндаи Афғонистон дар шаҳри Ҳайратон қабул намуд.
Исматуллоҳ Эргашев, намояндаи вижаи раисиҷумҳури Ӯзбекистон дар Афғонистон дар ин маросим гуфт, пас аз шуюи корона дар Афғонистон маводи ғизоӣ ва дору ба ин кишвар ирсол шуд.
Тоҷикистон ба маблағи қариб 13 миллион доллар кумаки башардӯстона гирифт
Ӯ афзуд, Ӯзбекистон аз ин ба баъд низ омодаи ирсоли кумакҳои ҳамаҷониба ба Афғонистон аст.
Фарҳод Азимӣ, волии Балх низ гуфт, кумаки ирсол шудаи Ӯзбекистон, нишонаи боризи равобити бародарӣ байни мардуми Афғонистон ва Ӯзбекистон аст.