Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон

Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: Ҷаҳонгир Рӯзиев, директори филиали Агентӣ шуд

Ҷаҳонгир Рӯзиев дар ин мақом Зуҳро Юсуповаро, ки ҳоло бознишаста шуд, иваз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Бо фармони Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаҳонгир Рӯзиев, директори филиали муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”- и назди вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
Манобеъ аз сохтори вазорати меҳнат, ин таъйиноти кадриро тасдиқ намуда, гуфтанд, ки Рӯзиев дар ин вазифаи нави хидматӣ аз ҳамин рӯз, корро шурӯъ намудааст.
“Ӯ дар ин мақом Зуҳро Юсуповаро, ҳоло ӯ бознишаста шуд, иваз кардааст”,- гуфт манбаъ.
Ҷаҳонгир Рӯзиев, 11 июли соли 1984 таваллуд шудааст. Соли 2005 Академияи гуманитарии муосири Федератсияи Русия дар шаҳри Хуҷанд (СГУ) ро хатм кардааст.
Солҳо 2005 - 2006 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон хизмат намуда буд.
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Фармони Президент дар бораи тағйироти кадрӣ: 4 нафар бо хоҳиши худ истеъфо доданд
Шурӯъ аз соли 2007 то ин ҷониб дар як қатор сохторҳо аз ҷумла Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, намояндагии Консулгарии Олмон дар Тоҷикистон ва филиали Визаметрик дар шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст.
Аз 10 июни соли ҷорӣ бо фармони Ширин Амонзода, вазири меҳнат, директори муассисаи давлатии филиали “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” - и назди вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
Ин ниҳоди давлатиест, ки бо мақсади бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон дар хориҷи кишвар гуфта мешавад. Фиристодани шаҳрвандон барои кор дар хориҷа аз ҷумла дар Федератсияи Русия ва дигар кишварҳои Аврупо тибқи шартномаҳои байналмиллалӣ сурат мегирад.