Дар яке аз нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар ноҳияи Октябри Новосибирски Русия сӯхтори бузург ба амал омад. Таркиши зарфҳои моеъ дар маҳалли оташсӯзӣ идома дорад.
Хадамоти ҳолатҳои фавқулодда қайд карданд, ки шумораи қурбониёни сӯхтор дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ба 16 нафар расид. Панҷ нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доранд. Кормандони КҲФ муборизаро бо оташ идома доранд.
Айни замон, майдони оташ ба 800 метри мураббаъ расидааст.
Сӯхтор метавонад ба биноҳои амбори наздик паҳн шавад, хабар медиҳад ТАСС бо истинод ба Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия.
“Барои биноҳои истиқоматӣ таҳдид вуҷуд надорад. Барои хомӯш кардани оташ 70 нафар ва 20 таҷҳизот ҷалб карда шудаанд", - гуфтанд дар Раёсат.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур, парвандаи ҷиноӣ барои риоя накардани талаботҳои бехатарӣ оғоз карда шуд.
Маълум аст, ки дар нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ тақрибан панҷ таркиши шадид рух дод, ки мавҷи таконҳои онро сокинони хонаҳои ҳамсоя эҳсос карданд.