ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Дар шаҳри Хуҷанд аз ғарқшавии як ҷавони 21 - сола аз Ӯзбекистон пешгирӣ карда шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи нисфирӯзи 13 июн, тахминан соати 11:30 дақиқа дар соҳиби Баҳри тоҷик рух додааст.
Гуфта мешавад, замони ғарқ шудани ҷавон, дастаи удамали дар соҳили Баҳри тоҷик қарор доштанд.
"Онҳо зуд ба ҷойи ҳодиса расиданд ва ҷавони дар ҳоли ғарқшуданро аз об берун оварданд", - таъкид мешавад дар хабар.
Манбаъ меафзояд, наҷотёфта муваққатан дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ба сар мебарад.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, ба ҷавон ёрии аввалияи тиббӣ расонида шуд ва зарурати интиқол додани ӯ ба бемористон вуҷуд надошт.
Дар ҳамин ҳол, КҲФ аз шаҳрвандон ва меҳмонони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар мавсими шиноварӣ аз эҳтиёт кор гиранд ва дар маконҳое, ки барои оббозӣ кардан номувафиқ аст, шиноварӣ накунанд.