ДУШАНБЕ, 14 июн – Sputnik. Ин мусобиқа рӯзи якшанбе байни 20 дучархасавор аз вилоятҳои Кобул ва Бомиён ба мизбонии Бомиён, дар минтақаи кӯҳистонӣ баргузор шуд ва дучархасаворон фосилаи 12 километрро аз масирҳои таъйиншуда паймуданд, иттилоъ додааст хабаргузории Шафақнаи Афғонистон.
Насрини Содот аз Бомиён дар ин рақобат, ба мақоми нахуст расид.
Ин мусобиқа дар ҳоле баргузор шуд, ки манотиқи мухталифи Афғонистон шоҳиди ҷангу даргирӣ байни аъзои гурӯҳи Толибон ва нерӯҳои артиши ин кишвар аст.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш дар шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳити зист таҳти шиори "Дучарха барои табиат" марафон баргузор гардид
Дар ин мусобиқи ҳама, аз ҷумла велосипедрони касбӣ, ҳаваскорон, паралимпиадачиён ва наврасон ширкат варзиданд.
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ин мусобиқа мебоист аҳамияти истифодаи ин намуди нақлиёти экологиро нишон медод.
Дар марафони дучархаронӣ якчанд номинатсия пешбинӣ шуда буд.
Барои ҷои аввал ғолибон 1,5 ҳазор сомонӣ гирифтанд. Онҳое, ки дуввумин шуда ба марра расиданд бо мукофоти пулӣ ба маблағи 700 сомонӣ сарфароз гаштанд. Ғолибони ҷои сеюм бо 300 сомонӣ мукофотонида шуданд.