ДУШАНБЕ, 14 июн — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти ВУД-и Тоҷикистон ҳодисаи нохуш санаи 12 июн дар шаҳри Конибодом сурат гирифтааст.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “КАМАЗ”, Ҷӯраев Маҳкам, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамрабоеви шаҳри Конибодом, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, дар чорроҳаи кӯчаи М.Горкий, дучархарони хурдсол Хуршедзода Фарзона, соли таваллудаш 2015, сокини ҷамоати деҳоти Ҳамрабоеви шаҳри мазкурро пахш намудааст.
“Дар натиҷа, хурдсол Хуршедзода Ф. ба саломатиаш ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст”, - таъкид доштааст манбаъ.
Тибқи иттилои ВУД-и Тоҷикистон аз рӯи ин ҳодисаи мазкур кормандони милитсия таҳқиқотро идома доранд.