ДУШАНБЕ, 14 июн - Sputnik. Тоҷикистон аз феҳристи сабзи Абу Дабӣ хориҷ карда шуд. Маълумоти тозанашри Раёсати фарҳанг ва сайёҳии Абу Дабӣ аз ин шаҳодат медиҳад.
Ҳамин тавр, аз 13 июн шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми вуруд ба пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб бояд карантини даҳрӯзаи ҳатмиро риоя намоянд.
Ҳамзамон Бритониё низ аз рӯйхати сабз хориҷ шуд ва Аммо Малта ба он ворид шуд. Дар байни онҳое, ки аз карантин озод шудаанд, шаҳрвандони Русия, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Молдова боқӣ мондаанд.
Аммо, шаҳрвандоне, ки аз ин кишварҳо ба АМА меоянд, бояд аз тести коронавирус гузаранд.
Қаблан директори иҷроияи Департаменти фарҳанг ва сайёҳии Абу-Даби Алӣ Ал Шайба гуфта буд, ки шаҳр ба нақша гирифтааст, ки карантини ҳатмии ҳамаи сайёҳонро то 1 июли соли 2021 бекор кунад.
Вай афзуд, ки сайёҳон рафтуомад байни Дубай ва Абу-Дабиро соддатар хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки АМА карантини ҳатмии 10-рӯза барои шаҳрвандони Тоҷикистонро дар охири моҳи апрели соли 2021 бекор карда буд.