ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Ҳукуматдорони Русия дар масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ баъди 15 – уми июн нашри фармони ҷадидро дар нақша доранд.
Дар ин бора Вадим Коженов, президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия, зимни суҳбат дар радиои “Говорит Москва” иттилоъ додаст.
Ба иттилои Коженов, санади нав барасмиятдарории муҳоҷирони меҳнатиро содатар хоҳад кард.
Ӯ тавзеҳ додааст, ки наметавонад тафсилоти ин санадро ошкор кунад, аммо чанд ишора намудааст.
“Бисёриҳо фикр мекунанд, ки тамдиди навбатии муҳлати имтиёзӣ хоҳад буд. Аммо чун ин ба дили ҳама задааст, кори дигари ҳушмандонатар кардаанд. Яъне ин фармон моҳи июн содир хоҳад шуд ва дигар тамдиди он зарур нахоҳад буд. Он ҷо қоидаи мантиқие ҷой дода шудааст”, - изҳор дошт президенти Федератсияи муҳоҷирони Русия.
Ӯ илова намуд, ки феълан кор болои ин санад бо тамоми суръат рафта истодааст ва ҳуҷҷат аллакай бо эҳтимоли зиёд дар дастгоҳи президент қарор дорад.
“Танҳо чизе маро ташвиш медиҳад, ин ки агар фармон то 15 июн имзо нашавад ва чунин эҳтимолият вуҷуд дорад, он гоҳ чанд рӯзе дар миён хоҳад буд, ки амалан ВКД ҳақ дорад, боздорад, ҷарима бандад ва ихроҷ намояд. Аммо баъди имзо одамон ба додгоҳҳо мераванд то ҷаримаю қарори ихроҷро бекор кунанд”, - тавзеҳ дод Коженов.
Маврид ба зикр аст, ки моҳи апрели соли 2020 фармони президенти Русия, Владимир Путин ба иҷро даромад ва баъдан чанд бор тамдид шуд. Ин санад ба ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ иҷозат дод, ки ба далели пандемия то 15 июн дар қаламрави кишвар бидуни гузаштани бархе расмиёт кору иқомат кунанд.