Давандаҳои Ӯзбекистон ғолиби ниммарафони байналмилалӣ ва соҳиби 1,5 ҳазор доллар шуданд

Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки 13-уми июн дар шаҳри Душанбе Ниммарафони байналмилалӣ доир шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 июн — Sputnik. Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон мегӯяд, дар ниммарафон ҳудуди 400 нафар, аз ҷумла варзишгарон аз кишварҳои Олмон, Ҷопон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ширкат карданд.
"Масофаи ниммарафон 21 километру 97 метрро ташкил дод. Иштирокчиён дар масири кӯчаи Исмоили Сомонӣ-70, тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то маҳалли Чорбоғ, аз он ҷо тавассути хиёбони Рӯдакӣ то Майдони Дӯстӣ давиданд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, Кумитаи тадорукот барои 5 ҷои аввал миёни мардон ва 5 ҷой миёни бонувон ҷоизаҳо муқаррар карда буд.
Миёни мардҳо намояндаи +збекистон Шоҳрух Давлатов бо натиҷаи 1:09.08 якум шуда ба марра расид. Ӯ дар Ниммарафни Душанбе низ моҳи апрел ҷои аввалро ишғол карда буд, зикр намуд Кумитаи олимпӣ.
Дар дави ниммарафон дар Душанбе давандаҳои Русия пирӯз шуданд
Манбаъ афзуд, чор ҷои боқимондаро варзишгарони Тоҷикистон сазовор шуданд. Самариддин Азимов бо натиҷаи 1:14.17 ҷои дуюм, Ғайрат Олимов бо натиҷаи 1:14.41 ҷои сеюм, Бобоҷон Яқинов бо натиҷаи 1:17.27 ҷои чорум ва Меҳробҷон Одинаев бо натиҷаи 1:17.41 ҷои панҷумро мушарраф гардиданд, омадааст дар иттилоия.
Миёни бонувон низ намояндаи Узбекистон Азизахон Мирзоакбарова бо натиҷаи 1:21.43 мақови аввалро ишғол кард. Чор ҷои ифтихории дигар насиби варзишгарони Тоҷикистон шуд: Маҳина Баротова бо натиҷаи 1:34.09 ҷои дуюм, Зулҳиҷҷа Ғаффорзода бо натиҷаи 1:38.12 ҷои сеюм, Раҷабмоҳ Абдуллоева бо натиҷаи 1:45.15 ҷои чорум, Манижаи Рамазон бо натиҷаи 1:48.23 ҷои панҷумро сазовор шуданд.
Кумитаи тадорукот барои ҷои аввал 1500 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 800 доллар, барои ҷои сеюм 600 доллар, барои ҷои чорум 500 доллар ва барои ҷои панҷум 300 доллари ИМА ҷоизапулӣ тақдим кард. Инчунин ба иштирокчиён медали хотиравии Ниммарафони ҷашни 20-солагии СҲШ дар Душанбе супорида шуд.