ДУШАНБЕ, 12 июн – Sputnik. Дар номаи занони тоҷик ба раисҷумҳури Тоҷикистон, аз вазъи “бисёр сахт”-и худу кӯдаконашон таъкид карданд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей” дар истинод ба гузориши яке аз пойгоҳи иттилоърасонии Осиёи Марказӣ.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ин занон ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд.
Тавре аз нома бармеояд, ангезаи нигоштани он аз суханронии раисҷумҳур дар шаҳри Исфара ба вуҷуд омадааст.
Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафар ба Исфара, дар моҳи апрел дар суханроние дар ин ноҳия ваъда кард, ки занону кӯдакони дармонда дар паноҳгоҳҳои Сурияро ба ватан бармегардонанд. Ин паём дар Сурия низ шунида шудааст, ки занон менависанд,ин паём ба мо умед ба ояндаи хуб бахшид.
Занони тоҷик дар нома гуфтаанд, аз иқдоми шавҳаронашон акнун якҷо бо кӯдакони хурдсоли худ ранҷ мекашанд.
“Дар интизори бозгашт ба Ватан ҳастем ва хоки ватанро болотар аз ҳама чиз медонем. Мо азобе дидем, ки Худо ба касе нишон надиҳад. Намехоҳем фарзандонамон дар ин мулк ояндаи нохуб дошта бошанд”,- омадааст дар ин нома.
Хилофати худхондаи ДИИШ, ки 30‑юми июни соли 2014 аз таъсиси худ хабар дод, беш аз ду ҳазор шаҳрванди Тоҷикистонро дар қаламравҳои Сурия ва Ироқ ба сафи худ ҷалб кард. Ин хилофат соли 2019 пурра шикаст хӯрд. Аксар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба Ироқу Сурия бо ҳадафи шомил шудан ба ин созмон рафта буданд, нопадид шуданд, вале баъзе дар паноҳгоҳ ва маҳбасҳои ин кишварҳо нигаҳдорӣ мешаванд.