ДУШАНБЕ, 12 июн - Sputnik. Дар Русия афзоиши шадиди ҳолатҳои ташаннуҷи нави коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо ин беморӣ, дар давоми рӯзи гузашта дар кишвар 13510 ҳолати сирояти коронавирус ошкор карда шудааст.
Нишондиҳанда вақтҳои охир ҳадди аксар шуда, сатҳи 15 феврали соли 2021-ро шикаст.
Ҳамзамон, 11 июн дар Русия тақрибан 12 505 ҳолати коронавирус маълум шуд. Ғайр аз он, давоми рӯзи гузашта 399 нафар шаҳрвандон аз ин беморӣ фавтиданд.
Дар маҷмӯъ, аз оғози пандемия, коронавирус тақрибан 5,2 миллион сокини Федератсияи Русия гирифтори ин беморӣ шудаанд. Зиёда аз 126 ҳазор беморон қурбонии ин беморӣ гашта, 4,7 миллион нафар аз сироят шифо ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки хуруҷи коронавирус дар шаҳри Уҳани Чин дар охири соли 2019 рух дод. Олимон муайян карданд, ки шиддати қаблан номаълуми 2019-nCoV барангезандаи сироят гардид.
Бо сабаби зуд паҳн шудани беморӣ, ТУТ баҳори соли гузашта пандемия эълон кард.
Тибқи маълумоти то 12 июн, дар саросари ҷаҳон зиёда аз 176 миллион нафар гирифтори коронавирус мебошанд.
Аз ин маризӣ дар ҷоҳон 3,7 миллион нафар ҷон бохтанд. Аз ҳама беш сироятшавӣ ба Амрико, Ҳиндустон, Бразилия, Фаронса ва Туркия рост меояд.