Наҷоти сокини 35- солаи Хуҷанд аз рӯди Сир: то миёни об рафтааст

Наҷотбахшон як духтари 35-солаи дар ҳоли ғарқшавӣ қарордоштаро аз рӯди Сир берун оварданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар вилояти Суғд духтараки 35-соларо аз дарёи Сир берун оварданд, ки дар ҳоли ғарқшудан қарор дошт.
Бино ба гузориши котиботи ин ниҳод, ҳодиса як рӯз пеш, 11 июн дар шаҳри Хуҷанд дар пайи беназоратӣ нисбат ба ҳаёти худ рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса соати 14:20 сар мезанад, замоне ки шаҳрванд шинокунон ба миёни дарё мераваду ногоҳ ба ғарқшудан оғоз мекунад.
Наҷотдиҳандагони Раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Суғд, ки дар соҳили дарё шабонарӯзӣ навбатдорӣ мекарданд, ҳодисаро дида, зуд ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда саривақт ӯро наҷот медиҳанд.
Дар пайи гармои шадид ҳаводиси ғарқшавии шаҳрвандон тайи чанд шафтаи ахир зиёд ба назар мерасад.
Ғарқшавии 5 нафар тайи рӯзҳои истироҳатӣ дар Тоҷикистон: ду нафараш хоҳаронанд
Дар ҳамин ҳол, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз меҳмонон ва шаҳрвандони ҷумҳурӣ даъват мекунад, ки дар мавсими оббозӣ аз эҳтиёт кор гиранд ва дар маконҳое, ки барои шиноварӣ тавсия дода намешавад, дохили об нашаванд.
Ёдовар мешавем, ки дар ду рӯзи истироҳатии ҳафтаи гузашта 5 нафар бо сабаби риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ ғарқ шуданд, ки 3 нафари онҳо кӯдакон ҳастанд.
Ҳамин тариқ, рӯзи 6 июн ду хоҳари 15 ва 11- сола, сокинони шаҳри Бӯстони вилояти Суғд, ҳангоми шиноварӣ дар дарёи Сир ғарқ шуданд.
Худи ҳамон рӯз, дар шаҳри Норак як кӯдаки 5 - сола дар дарёи Вахш ғарқ гардид.
Ҳамчунин ду сокини 19 ва 33 - солаи Варзобу Бадахшон низ дар рӯзҳои истироҳатӣ ғарқи дарё шуданд.