Овозхони саршиноси Ӯзбекистон дар барномаи "Шоми дӯстӣ", ки бо ширкати кишвардорони Ӯзбекистону Тоҷикистон Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд, ба забони тоҷикӣ суруд хонд.
Юлдуз Усмонова дар "Кохи Борбад" суруди "Биё ҷонам" - ро, ки яке аз машҳуртарин суруд дар репертуари овозхон мебошад, иҷро кард.
Тамошобинон ҳунарнамоии овозхони саршиноси ӯзбекро бисёр хуш пазируфтанд.
Аз навор дида мешавад, чӣ гуна бонувон аз ҷойҳояшон хеста ва покӯбӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ҳамчунин, примадоннаи Ӯзбекистон барои ҳаводорони тоҷикистонии худ барномаи консертӣ дар бинои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мекунад.
Гуфта мешавад, ки чиптаҳои барномаи консертӣ дар нимнафас ба фурӯш рафтанд ва гуфта мешавад ягон ҷойи холӣ дар толори консертӣ нахоҳад монд.
Маълум аст, ки дар баробари Усмонова ҳамчунин Фаррух Зокиров, Муноҷот Юлчиева, Рамза Усмонова ва гурӯҳҳои рақсии "Ӯзбекистон" ва "Ташкент зеболарӣ" ҳунарнамоӣ мекунанд.
Бояд гуфт, дар баробари Юлдуз Усмонова дар саҳнаи "Кохи Борбад" 250 санъаткори дигар ҳунарнамоӣ карданд.