ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Дар Русия ҳолатҳои гирифторшавӣ ба маризии коронавирус боз рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Аз 22 феврал ба ин сӯ, шабонарӯзи гузашта баландтарин нишондоди гирифторшавӣ ба ин беморӣ сабт гардидааст.
Ситоди фаврӣ оид ба коронавирус дар Русия хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта 12 505 ҳолати нави беморшавӣ ба вируси COVID - 19 ба қайд гирифта шудааст.
Як рӯз пеш ин нишондод ба 11 699 нафар баробар буд.
Манбаъ меафзояд, дар 24 соати ахир 396 нафар ҷон аз даст дода, 10 188 кас пас аз пурра муолиҷа ёфтан, аз бемористон мураххас шуданд.
Ҳамин тариқ, аз ҳама беш мавридҳои сироятшавӣ ба шаҳри Маскав рост меояд (5 853).
Аз оғози пандемия дар Русия 5 180 454 нафар ба коронавирус сироят ёфтаанд, ки аз онҳо 125 674 нафар фавтида, 4 782 183 нафар сиҳат ёфтанд.
Дар саросари ҷаҳон, тибқи маълумоти охирини СҶБ, шумораи сироятёфтагон аз 174 миллион гузаштааст ва тибқи ҳисобҳои Донишгоҳи Ҷон Хопкинс, он аллакай ба 174,9 миллион расидааст.
Аз ин маризӣ дар ҷоҳон 3,7 миллион нафар ҷон бохтанд. Аз ҳама беш сироятшавӣ ба Амрико, Ҳиндустон, Бразилия, Фаронса ва Туркия рост меояд.