Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Содирот каму воридот зиёд: савдои хориҷӣ миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон

Додугирифти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон дар 4 моҳи ахири соли ҷорӣ ба 139, 4 миллион долар баробар аст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 июн – Sputnik. Давоми чаҳор моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба 139,4 миллион доллар баробар шудаст. Дар ин бора котиботи Кумитаи давлатии омори Ӯзбекистон иттилоъ додааст.
Тибқи маълумоти ин ниҳод, содироти мол миёни ду кишвар 121,9 миллион долларро ташкил медиҳад. Воридот бошад ба 17,5 миллион доллар баробар аст.
Манбаъ меафзояд, содироти хадамот ба 31,2 миллион доллар баробар шудааст.
Таъсиси Бунёди муштараки 50 миллиондолларии Тоҷикистону Ӯзбекистон
Нерӯ ва маҳсулоти нафтӣ ба маблағи 20,2 миллион доллар ва маҳсулоти хӯрокворӣ ба маблағи 18,4 миллион доллар додугирифт шудааст.
Илова бар ин, ба маблағи 18 миллион доллар металлҳои ранга, 1,1 миллион доллар металлҳои сиёҳ ва 1 миллион доллар мошину таҷҳизот додугирифт шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Тоҷикистон ва Ӯзбекистон як Бунёди муштараки сармоягузорӣ таъсис доданд, ки сармояи оиномавӣ 50 миллион долларро ташкил медиҳад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Тошканд ва Душанбе ният доранд савдои мутақобиларо аз 500 миллион доллари соли 2020 дар солҳои оянда ба 1 миллиард доллар расонанд.
Онҳо умед доранд, ки тавассути содда кардани расмиёти савдо ва таъмини дастрасии мусоиди маҳсулот ба бозорҳои ду кишвар ба чунин натиҷаҳо ноил хоҳанд шуд.