ДУШАНБЕ, 11 июн - Sputnik. Дар Душанбе нахустин ҳамоиши табибони ҷавони Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Вазорати тандурустии кишвар.
Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бахшида шудааст.
Нахуст, ҷавонони тоҷик бар пояи муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино гулчанпар гузоштаанду, аз дастовардҳои илмии ӯ ёдрас шудаанд.
Гулчанбаргузорӣ бар пояи муҷассамаи Абуалӣ Ибни Сино
© Вазорати тандурустӣ
Дар идома иштирокдорони ҳамоиш дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон, дар кори ҳамоиш бобати дастоварҳои илмиву амалии соҳаи тандурустии кишвар маърӯзаҳо намудаанд.
Табибони ҷавон перомуни дастовардҳои илмиву амалии соҳаи тандурустӣ дар кишвар баромад намудаанд.
Як қатор ҷаавонони фаъоли соҳавӣ аз ҷониби намояндагони Вазорати тандурустӣ ва Кумитаи кор бо ҷавонону Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бо Ифтихорнома қадрдонӣ гардидаанд.
Манбаъ афзуда, ки дар кори ин ҳамоиш роҳбарияти Вазорати тандурустӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷаҳонон Абдулло Раҳмонзода, раиси Федератсия иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода, роҳбарияти Донишгоҳи тиббӣ ва доираи васеъи фаъолони ҷавони соҳаи тандурустӣ аз саросари кишвар ширкат кардаанд.