ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев ба таври маҷозӣ ду иншооти муҳими соҳаи иҷтимоиро ба баҳрабардорӣ расониданд.
Ҳамин тавр, бинои мактаб дар Самарқанд ва Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” дар ноҳияи Қубодиёнро ифтитоҳ шуданд.
Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ин ду иншоот аз ҷониби ҳукумати ду кишвар дар минтақаи ҳамдигар сохта шудаанд.
Гуфта мешавад, мактаб дар ноҳияи Ургути вилояти Самарқанд барои 1400 хонанда дар ду баст дар масоҳати 1,5 гектар аз ҷониби Тоҷикистон сохта шуда, аз се ошёна ва синфхонаҳои муосир иборат аст.
Маҷмааи тандурустии “Дӯстии Тоҷикистону Ӯзбекистон” бошад дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон аз тарафи Ӯзбекистон бунёд гардида, барои ташхис ва табобати беморон шароити муосир дорад.