Тавофуқи Эрону Тоҷикистон барои пайвасти шабакаҳои барқӣ

Эрон ва Тоҷикистон бо такя бар зарурати пайвасти шабакаҳои барқи ду кишвар ба ҳамдигар аз тариқи масирҳои мавҷуд ба тавофуқ расиданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ, фарҳангӣ, фаннӣ ва иҷтимои Эрон ва Тоҷикистон, ки ахиран дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, Эрону Тоҷикистон бо такя бар зарурати пайвасти шабакаҳои барқи ду кишвар ба ҳамдигар аз тариқи масирҳои мавҷуд ба тавофуқ расиданд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Дар поёни Чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ, тиҷорӣ, илмӣ, фарҳангӣ, фаннӣ ва иҷтимои Эрон ва Тоҷикистон, Ризо Ардакониён, вазири нерӯи Эрон ва Далери Ҷумъа, Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, санади поёнии иҷлосияи чаҳордаҳуми Комиссиони ҳамкориҳои ду кишварро имзо карданд.
Ду вазир ибрози умедворӣ карданд, ин санад мояи густариши равобити дуҷониба хоҳад шуд.
Тоҷикистону Эрон тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд
Ризо Ардакониён дар ин нишаст бо ишора ба иштирокҳо ва зарфиятҳои фароҳам дар ду кишвар дар заминаҳои мухталиф гуфт, бо вуҷӯди ҳосили тавофуқҳои бисёр хуб дар иҷлоси пешин, ниёз аст, ки дар ҷиҳати иҷрои тавофуқҳо иқдомҳои муассиртаре ба амал ояд.
Дар навбати худ Далери Ҷумъа, Вазири энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон ва раиси тоҷикии комиссион низ гуфт, умед меравад баргузории ин ҷаласа мӯҷиби ҷаҳиши қобили тавваҷуҳ дар равобити Теҳрону Душанбе дар ҳамаи заминаҳо шавад.