Нигаронии Раҳмону Мирзиёев аз мушкилоти экологӣ дар Осиёи Марказӣ

Дар мулоқоти раисони ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба масоили муҳити зист таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раҳбари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев масоили тағирёбии иқлим ва гармшавии кураи заминро баррасӣ карданд.
Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши истеъмоли об аз ҳисоби афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодиёт метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.
Президентҳо вазъи захираҳои обӣ ва энергетикӣ дар Осиёи Марказиро алоҳида арзёбӣ карданд. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҷонибдори истифодаи ҳамаҷонибаи судманди захираҳо шуданд.
Пиряхҳои Тоҷикистон: сарчашмаи об дар Осиёи Марказӣ
Ғайр аз ин, Мирзиёев ташаббуси президенти Тоҷикистон дар бораи соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани соли 2025 ва таъсиси Фонди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳоро дастгирӣ кард.
Онҳо инчунин дар бораи наҷоти баҳри Арал сӯҳбат карданд.
Раҳмон бо ташаббуси Ӯзбекистон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи минтақаи инноватсияҳо ва технологияҳои экологӣ эълон кардани минтақаи Аралро истиқбол кард.
Пешниҳоди Эмомалӣ Раҳмон: 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон шавад
Мирзиёев ва Раҳмон изҳори умедворӣ карданд, ки Маркази байналмилалии инноватсионии баҳри Арал дар назди президенти Ӯзбекистон ва Фонди бисёрҷонибаи эътимоди амнияти башарӣ дар минтақаи Арал таҳти сарпарастии СММ метавонанд дар беҳбуди вазъи Арал саҳм бигирад.