ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Додгоҳи гарнизони ҳарбии Душанбе нисбати директори ҶДММ "Мушараф" М.Ю.Холов, ки ба азхудкунии маблағҳо дар ҳаҷми махсусан калон айбдор карда мешавад, ҳукм баровардааст.
Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Холов ҳангоми роҳбарии ҶДММ "Мушараф" буданаш, мебоист моҳи августи соли 2020 Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 2.488.135 сомонӣ маҳсулоти хӯрока таъмин мекард.
Тибқи созишнома, Агентии мазкур ба ҳисоби ҶДММ "Мушараф" 1 миллиону 94 ҳазор сомониро ҳамчун пешпардохт интиқол додааст, аммо М.Холов ба маблағи 556,2 ҳазор сомонӣ ба анборҳои Агентӣ хӯрокворӣ овардаву беш аз 537,7 ҳазор сомониро азхуд кардааст.
Сарпрокурори ҳарбии Тоҷикистон нисбати Холов бар асоси моддаи 245 қисми 2 (Азхудкунӣ ё тасарруф дар ҳаҷми махсусан калон) -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.
Барои ин ҷиноят номбурда аз ҷониби суди ҳарбии гарнизони Душанбе маҳкум карда шуд, аммо Прокуратураи генералӣ чанд сол ҳукм гирифтани ӯ иттилоъ надодааст.
Афроде, ки дар доираи ин модда ҷиноят содир кардаанд, қонунгузорӣ зиёда аз 130 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.