Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон

Душанбею Тошканд дар рӯди Зарафшон ду нерӯгоҳи барқӣ месозанд

Президентҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон созишномаи нав дар бораи сохтмони муштараки ду нерӯгоҳи обиро ба имзо расонданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн - Sputnik. Раванди бунёди муштараки ду нерӯгоҳи барқи обӣ дар ҳавзаи дарёи Зарафшон ба марҳилаи нав гузашт.
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев зимни гуфтушунидҳо масъалаи бунёди нерӯгоҳи барқи обиро баррасӣ карданд.
Сипас сарони ду кишвар дар бораи омода кардани асосноккунии техникиву иқтисодии сохтмон ва истифодаи ду нерӯгоҳи барқи обӣ шартнома ба имзо расонданд.
Ёдрас мешавем, ки масъалаи ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи гидроэнергетика бори аввал аз ҷониби роҳбарони давлатҳо соли 2018 матраҳ шуда буд. Ҳамзамон, Раҳмон ва Мирзиёев ба созиш расиданд, ки ду нерӯгоҳи барқи обӣ бо иқтидори лоиҳавии 320 мегаватт бунёд кунанд.
Сафари раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон
Тоҷикистону Ӯзбекистон 9 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Сипас онҳо ба татбиқи лоиҳа дар соли 2020 баргаштанд. Гурӯҳҳои кории ду кишвар моҳи январ бо мақсади муқаррар намудани тартиб ва шартҳои иштироки тиҷорӣ дар сохтмон ва истифодаи нерӯгоҳҳои барқи обӣ гуфтугӯ карда буданд.
Пеш аз ҳама, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки нерӯгоҳи Ёвон бо арзиши тахминии 282 миллион доллар, бо иқтидори 140 мегаватт ва истеҳсоли 700-800 миллион киловатт-соат нерӯи барқ ​​сохта мешавад.
Баъдан дар Фондарё нерӯгоҳи дуюми барқи обӣ бо арзиши тахминии 270 миллион доллар, бо иқтидори 135 мегаватт ва тавлиди 500-600 миллион киловатт соат нерӯи барқ ​​сохта мешавад.
Лоиҳаҳо аз ҷониби худи ҷумҳуриҳо ва ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ маблағгузорӣ карда мешаванд.