Баррасии роҳҳои суръат бахшидани бозсозии нақби Истиқлол

Мақомоти Тоҷикистон ва Эрон роҳҳои суръат бахшидани бозсозии нақби Истиқлолро баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 июн — Sputnik. Ба гузориши сомонаи Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бозсозии ин тоннел аз 5 июни соли ҷорӣ оғоз шудааст ва ду тараф дар бораи суръат бахшидан дар бозсозии бархе аз қисматҳои он, насби сомонаҳои равшаноӣ, оташнишонӣ ва тоза кардани ҳавои дохили нақб баҳсу табодули назар карданд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки зимни вохурӣ, ҷонибҳо масъалаи вусъатбахшии корҳои сохтмонии марҳилаи дуюми нақби “Истиқлол”-ро, ки пудратчии лоиҳа Ширкати “Фароб”-и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад, мавриди муҳокима қарор доданд. Вобаста ба ин ҷонибҳо иброз намуданд, ки вақт ва шароити мусоидро ғанимат шуморида, барои татбиқи босифат ва самараноки лоиҳа дар ҳамбастагӣ чораҳои заруриро меандешанд.
“Инчунин, масоили тавсеа ва рушди ҳамкориҳои дуҷониба байни ду кишвар дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, фаъолгардонии долонҳои нақлиётӣ, зиёд намудани ҳаҷми боркашонӣ, ки манбаҳои асосии мусоидат ба рушди иқтисодии кишварҳо ва маҳсуб меёбанд, мавриди барррасӣ ва муҳокима қарор гирифт”, - қайд кардааст манбаъ.
Нақби Истиқлол бо кумаки 31 миллиондолларии Эрон, ки 10 миллион доллари он ройгон аст ва 7 миллиону 800 ҳазор долларии Тоҷикистон, дар соли 2006 бо талоши ширкати эронии “Собир” бунёд шуд.
Тоҷикистону Эрон тақвияти ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ карданд
Тоҷикистон ва Эрон барои бозсозии ин нақб 11 миллион доллар ихтисос доданд.
Ин нақб бо тӯли 5 километр дар 80 километрии шимоли шаҳри Душанбе сохта шудааст.
Акнун ба далели бозсозии нақби Истиқлол, ҳаракати васоили нақлиёт аз соати 10 то 13 ва 16 то 19 дар нақб мамнуъ аст.